МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи Корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нонӣ ҶДММ Ганҷи Рӯшон

Ифтитоҳи Корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нонӣ ҶДММ Ганҷи Рӯшон

26-06-2025, 10:20
50
0
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон Корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ ва нону маҳсулоти нонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ганҷи Рӯшонро мавриди истифода қарор доданд.
Дар корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 5 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғот, чака ва маска ба роҳ монда шудааст.
Корхона дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мулкибек Сафарбеков бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз лиҳози экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст.
Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст.
Дар ширкати Ганҷи Рӯшон 10 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст.
Иқтидори истеҳсолии “Ганҷи Рӯшон” дар як шабонарӯз коркарди 1 тонна ва дар як моҳ то 30 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ ва нонии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол омода мегардад, муаррифӣ карда шуд.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳо доданд.
Масъулин нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли панирро ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар ва барои таъсиси ҷойҳои нави корию ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос намуданд.
 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ “Панҷ” дар шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ “Панҷ” дар шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷ”-ро ба
Ифтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак
Ифтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак
30 август дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии
Ифтитоҳи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон”
Ифтитоҳи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон”
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд.
Ба истифода додани корхонаи антифризи ҶДММ “Кули Сарез”-и шаҳри Истаравшан
Ба истифода додани корхонаи антифризи ҶДММ “Кули Сарез”-и шаҳри Истаравшан
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли