Ифтитоҳи Комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ҳамчунин ба фаъолияти комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта шудааст.
Комплекси мазкур тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ дошта, дар як вақт имкон дорад ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард хизмат расонад.
Дар ин ҷо барои зиндагӣ ва фароғати сайёҳон, инчунин сайругашт, ташхису табобат ва машғул шудани онҳо ба камонварӣ ва дигар намуди бозиҳои шавқовари қадима шароити замонавӣ фароҳам шудааст.
Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад.
Ҳоло дар ин мавзеи туристӣ зиёда аз 40 сокини деҳаи Зев ба кор таъмин шудаанд ва оянда бо вусъат ёфтани иншооти сайёҳӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонида мешавад.
Дар комлекси сайёҳӣ ҳамчунин бинои дуошёнаи ташхису табобат бунёд шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин аст ва дар як вақт метавонад ба 50 нафар хизмат расонад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди инфрасохтори сайёҳӣ муҳим номида, таъкид карданд, ки барои анҷоми хизматрасонии босифату сатҳи баланд ба сайёҳону меҳмонон ҷавонону мутахассисони кордону донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб карда шаванд.
Бунёди иншооти нави сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина гузошт.
Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз 162 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дорад.
Хабарҳои дигар
Боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳамчунин аз деҳаи этнографии
Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси
Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ- Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои
Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ Саховат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии комплекси
Ифтитоҳи бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бинои маркази ташхису табобатӣ ва






