МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ- Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ- Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25-06-2025, 19:15
59
0
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад.
Дар марҳилаҳои баъдӣ шумораи коргарон, ки ҳоло 20 нафарро ташкил медиҳад, ба зиёда аз 100 нафар ва ҳаҷми истеҳсоли гушти моҳӣ солона то ба 1000 тонна расонида мешавад.
Ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии тозабунёд аз ҷиҳати сохт ва технологияи парвариш аз дигар ҳавзҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ фарқ дошта, дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ бо ҷалби сармояи Корея ва Олмон таъсис ёфтааст ва дар он ду намуди моҳӣ - Салмон ва Кохо парвариш меёбад.
Гӯшти ин намуди моҳиҳо дар ҷаҳон талаботи зиёд дорад ва бо назардошти ин муассисон оянда нақша доранд, ки маҳсулотро дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд.
Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад.
Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.
Муддати тухммонӣ дар озмоишгоҳ аз 20 то 40 рӯз ва вазнгирии моҳӣ то 80 рӯзро дар бар мегирад. Яъне дар давоми қариб 3 моҳ моҳичаҳо аз 60 то 150 грамм вазн гирифта, ба ҳавзҳои калон интиқол дода мешаванд.
Тибқи нақша оянда бо ворид шудани технологияи муосир дар шафати озмоишгоҳ моҳиҳои навъи Салмон ва Кохо дар шакли нав коркарду банду баст шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба ташаббуси муассисон барои ташкили чунин иншооти замонавӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли ин намуди моҳиҳоро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ва шиносоӣ бо ҷараёни парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои суперинтенсивии ҶДММ “Рахшона”
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ва шиносоӣ бо ҷараёни парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои суперинтенсивии ҶДММ “Рахшона”
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Фарел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Фарел»-ро мавриди истифода қарор доданд
6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси
Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии
Ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ҶДММ “Сайҳун” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ҶДММ “Сайҳун” дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалики