САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ХОВАЛИНГ

5-06-2025, 05:23
35
0
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳадафи шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ, инчунин баррасии масоили иҷтимоӣ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.
Зимни сафари корӣ раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, воқеъ дар деҳаи "Таги Ҷар"- и Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, боздид ба амал оварданд. Иншооти мазкур бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои насли наврас бунёд гардида, аз ҷониби дирексияи сохтмонҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона мебошад ва барои таҳсили 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Тавре ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ аз моҳи ноябри соли 2024 оғоз гардида, то имрӯз беш аз 80 фоизи он ба анҷом расидааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмон бо риояи талаботи меъёрии сохтмон ва сифат чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси вилоят таъкид доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таълиму тарбия тадбирҳои амалӣ рӯйи кор гирифта мешаванд. Зикр гардид, ки муҳайё сохтани муҳити муносиб барои таҳсилу рушди зеҳнии насли наврас омили муҳим дар тақвияти пояҳои маънавӣ ва зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбад.
 
Хабарҳои дигар
БАЛҶУВОН. САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
БАЛҶУВОН. САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Имрӯз, 25 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида
БАЛҶУВОН. РАИСИ ВИЛОЯТ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №4-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
БАЛҶУВОН. РАИСИ ВИЛОЯТ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №4-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Имрӯз, 25 ноябр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси Кумитаи
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №52
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №52
Имрӯз, 23 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии
Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд
Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо иштироки раиси