МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ПАНҶ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ҲОҶӢ УРОҚ"

ПАНҶ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ҲОҶӢ УРОҚ"

12-04-2025, 15:46
115
0
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ аз фаъолияти гармхонаи хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Уроқ", воқеъ дар деҳаи Авангарди ҷамоати деҳоти Озодагон дидан намуданд.
Дар хоҷагии деҳқонии мазкур аз 14 гекгтар замин дар 13 гектари он пахтаи зери плёнка ва дар боқимонда заминҳо картошка, помидор бодиринг кишт кардаанд.
Раиси вилоят аснои боздид ба хоҷагидорон дастур доданд, ки корҳои деҳқониро бо истифода аз тухмиҳои хушсифат вусъат бахшида, ҳамчунин заминҳои наздиҳавлигии худро оқилона истифода намоянд.
Раиси вилоят дар ин замина ҳамчунин аз заминҳои наздиҳавлигии иддае аз сокинони маҳаллӣ дидан намуданд. Мушоҳида гардид, ки сокинон бештар дар заминҳои наздиҳавлигии худ картошка кишт намуда, ҳамсола то ду-се ҳосил аз ин заминҳо ба даст меоранд.
Ҷиҳати баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин раиси вилоят ба сокинон иброз доштанд, ки ҳар як қитъа замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намоянд.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз раванди таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 огоҳ шуда, бо омӯзгорону хонандагон мулоқот анҷом доданд.
Раиси вилоят ба масъулон оид ба самти таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, ташкили дарсҳои иловагӣ, муҷаҳҳаз гардонидани майдонча ва кабинетҳои омодагии дифои ҳарбӣ, ташкили китобхонаҳои электронӣ, истифодаи воситаҳои аёнӣ ва техникии таълим, ба китобхонӣ ҷалб намудани мактаббачагон дастуру тавсияҳои муҳим доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Кӯшониён аз раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинон,
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар