БОЗДИД АЗ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ПОЙГОҲИ ОБТАЪМИНКУНИИ ФАЙЗОБОД-ҚАЛЪА-1 ВА ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ РАҚАМИ 3 ДАР НОҲИЯҲОИ ПАНҶ ВА ҶАЙҲУН
Имрӯз, 12 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ нахуст бо фаъолияти Пойгоҳи обкашии Файзобод-қалъа-1 шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки пойгоҳи обкашии мазкур аз ҳисоби хизмати обрасонӣ аз соли 1975 таъсис ёфтааст. Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳи обкашии тамғаи 22-НДС азнавсозӣ шуда, ҳоло аз 6 адад муҳаррики обкашӣ 5 адади он омодаи кор аст, ки 3 ҳазору 456 гегтар заминҳои ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳунро обёрӣ мекунад.
Самаранокии дастгоҳҳои обкашии ин пойгоҳ 1,3 метр сония буда, ҷамъи иқтидораш 6,6 метр сония аст. Гуфта шуд, ки айни ҳол дар ноҳияи Панҷ 16 адад истгоҳи обкашӣ мавҷуд аст.
Инчунин, дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят бо фаъолияти истгоҳи обкашии рақами 3-и ноҳияи Ҷайҳун шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур аз 11 агрегат иборат буда, беш аз 6 ҳазор гегтар заминро обёрӣ менамояд. Тавонмандии агрегатҳо 2750 киловатт соатро ташкил медиҳад.
Хабарҳои дигар

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХУРОСОН”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос

Ба истифода додани хатти оби полезии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои шаҳри Конибодом
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом хатти оби полезии шохоби дарёи Сир барои обёрии

Ифтитоҳи Шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри

ИШТИРОК ДАР ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ВА БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ КАРТОШКАИ БАҲОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ БА НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Имрӯз, 12 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва гармхонаҳои мавсимӣ, рафти

Ифтитоҳи ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти Ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир