МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

10-04-2025, 07:12
39
0
9 апрел, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба як макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон ташриф меоранд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим
ҲАМАДОНӢ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БЕДИЛҶОН-2015”
ҲАМАДОНӢ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БЕДИЛҶОН-2015”
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳон
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ
5 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори
КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №41
КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №41
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим