МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » МУЪМИНОБОД. БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТУТИЁН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

МУЪМИНОБОД. БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТУТИЁН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

8-04-2025, 16:11
27
0
Имрӯз, 8 апрел, бинои нави маъмурии ҷамоати деҳоти Тутиён, воқеъ дар деҳаи Ободони ноҳияи Муъминобод бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо усули муосири меъморӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии минтақаи Кӯлоб, бо ширкати пудратии ҶДММ “Ҷовидон-2010”, ба маблағи 6 миллиону 994 ҳазор сомонӣ сохта шуда, ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал утоқҳои кории кормандон ва дар ошёнаи дуюм утоқҳои идорӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгиранд. Атрофи иншоот бо гулу гулбуттаҳо оро ёфта, роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд, чароғонкунии шабона ва ниҳолшинонии дарахтони сояафкан муҳити кориро боз ҳам гуворотар гардонидаанд.
Сохтмони чунин биноҳои маъмурӣ на танҳо муҳити хизматрасониро беҳтар месозад, балки барои тақвияти идоракунии маҳаллӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасониҳои давлатӣ нақши назаррас мегузорад.

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ МУЪМИНОБОД ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ЧОРСӮ
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ МУЪМИНОБОД ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ЧОРСӮ
8 апрели соли 2025, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба минтақаи Кӯлоб ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани
ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛИСТОН
ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛИСТОН
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ бинои
Ш.ШОҲИН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ
Ш.ШОҲИН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар
МУЪМИНОБОД: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №7 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
МУЪМИНОБОД: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №7 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Имрӯз, 8 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, бо ҳамроҳии
Ифтитоҳи бинои Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг
Ифтитоҳи бинои Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи