ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛИСТОН
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва кумитаи маҳал бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст.
Бинои мазкур дуошёна иборат буда, дар ошёнаи якум утоқҳои кормандон ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ мебошад.
Атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ сафолакпӯш гардида, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.
Бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Гулистон дар асоси дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити муосири кору фаъолият барои кормандони мақомоти маҳал ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинон бунёд гардидааст.
Хабарҳои дигар

ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 72 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” дар ноҳияи Тоҷикобод
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати

ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор