Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” дар ноҳияи Тоҷикобод
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” оғоз гардид.
Иншооти навбунёд дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ - солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони деҳоти “Зарафшон”- и ноҳияи Тоҷикобод, табрику таҳният гуфтанд.
Бинои ҷамоат аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи кории барҳаво ва як маҷлисгоҳ мебошад.
Масоҳати иншоот 141,36 метри мураббаъро ташкил дода, бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст.
Ҳуҷраҳои кории бино бо мизу курсӣ, ҷевон, компютер ва дигар ҷиҳози зурурӣ барои пешбурди фаъолият ва расонидани хизмати баландсифат ба аҳолӣ муҷаҳаз мебошанд.
Дар дохил ва беруни бино унсурҳои меъмории миллӣ ва сохтмонии муосир истифода шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ба истифода дода шуд.
Саҳни биноро гулҳои мавсимӣ ва сабзкорӣ зебу зиннат мебахшад.
Аҳолии Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” наздики 6300 нафарро ташкил дода, дар ҳудуди он 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи ибтидоӣ фаъолият мекунад.
Дар деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод панҷ деҳа - Зафаробод, Шинг, Гулистон, Шаҳристон ва Сафедорон мавҷуд аст.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи бинои раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави Раёсати

Ифтитоҳи бинои Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Тоҷикобод
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри

Ифтитoҳи бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Лахш
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Лахш бинои нави хуштарҳу замонавии