РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ХУРОСОН ВА АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ШИНОС ШУДАНД
6 апрел, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ рафтанд.
Нахуст раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Хидир” боздид намуда, ба фаъолияти он шинос шуданд. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки масоҳати хоҷагӣ 46 гектар замин буда, дар майдони 0,40 сотих дар гармхона қулфинай парвариш кардааст, ки аз аввали мавсим то имрӯз наздики 5 тонна маҳсулот ба бозор баровардааст. Инчунин, дар 20 гектар пунбадонаи зери плёнка кишт намуда, нашъунамои картошка ва пиёз дар ҳолати хуб қарор дорад. Роҳбари хоҷагӣ Хидиров Бобошер буда, 40 нафар саҳмдор дар хоҷагӣ кор мекунад.
Раиси вилоят аснои боздид бо кишоварзону масъулони соҳа суҳбат намуда, оид ба самаронку оқилона истифода намудани заминҳои дарихтиёрдошта дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Сипас, Давлаталӣ Саид, раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии “Алишер”-и ноҳияи Хуросон ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошад.
Масоҳати умумии замини хоҷагии деҳқонии “Алишер” 9 гектар буда, 6 гектараш замини корами обӣ мебошад ва дар он дар майдони 3 гектар картошка, 1 гектар пиёз ва 2 гектар пахта кишт намудааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо хоҷагидорон ба фаъолияти назарраси онҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода намудани замин, ки кафили таъмини амнияти озуқаворӣ буда, дар шароити кунунӣ саривақтист, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, дар ин хоҷагӣ раиси вилоят бо раисони ҷамоатҳо мулоқот намуда, онҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуданд.
Сипас, раиси вилоят аз се хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати тезонидани кишти баҳорӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Хабарҳои дигар

ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ДУБЕДА"
3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Дубеда"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кишти пунбадонаи

ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи

НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ “АЪЗАМҶОН-2022” ВА “САМАРИДДИН”
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии

БО МАҚСАДИ ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ШАҲРИТУС РАФТАНД
Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Шаҳритус рафтанд.

САФАРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО МАҚСАДИ ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ БА НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ
Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Носири Хусрав рафтанд.