ХАТЛОН: ИНТИХОБОТИ АЪЗОИ ММ МО ҶТ

28-03-2025, 11:32
63
0
Дар Қасри фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон рақами 3 баргузор гардид, ки дар он ҳамагӣ панҷ номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуданд.
Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Хатлон №3 541 вакил аз Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Комиссияи ҳавзавии интихобот барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешида, шароити мусоидро барои овоздиҳии озоду шаффоф фароҳам овард. Қитъаҳои овоздиҳӣ бо тамоми воситаҳои зарурӣ таъмин шуда, шароити мусоид барои ҳар як вакили интихобкунанда муҳайё гардид.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ҳамаи номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Хатлон №3 ба қайд гирифта шуда, дар иҷлосияи Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он панҷ нафар - Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён, Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин, Назирӣ Зариф Вализода, раиси ноҳияи Фархор – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Балҷувон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Ёвон – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Ёвон, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ, Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси ноҳияи Қубодиён – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Панҷ пешбарӣ гардидаанд.
Овоздиҳӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври пинҳонӣ сурат гирифт. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озоду шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ баргузор гардида, натиҷаи он бозгӯйи раванди демократӣ ва иштироки фаъоли вакилони мардумӣ буд.
Ҳамаи номзадҳо аксари овозҳои вакилони интихобкунандаро ба даст оварда, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Баъд аз эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, аҳамияти ин интихоботро дар таҳкими қонунгузорӣ ва идомаи рушди кишвар таъкид карданд. Зикр гардид, ки вакилони интихобшуда таҷрибаи бойи роҳбарӣ ва масъулияти баланди сиёсӣ дошта, метавонанд дар рушду пешрафти қонунгузории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ЭЪЛОН: БА ДИҚҚАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ЭЪЛОН: БА ДИҚҚАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум рӯзи 12 марти соли 2025, соати 09:00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин
БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ХОТИРИ СУЛҲУ СУБОТ БА НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗ ДОД
БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ХОТИРИ СУЛҲУ СУБОТ БА НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗ ДОД
2 марти соли 2025 раиси вилояти Хатлон, номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар - 1 Давлаталӣ Саид дар
Иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
2 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси
БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Имрӯз, 12 март, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати
Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ