Иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
2 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии №15 дар асоси талаботи қонунгузории кишвар дар ҳузури мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.
Дар ин участкаи интихоботӣ ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ овоз доданд.
Зимнан дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар сокинони кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз медоданд.
Хабарҳои дигар

БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ХОТИРИ СУЛҲУ СУБОТ БА НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗ ДОД
2 марти соли 2025 раиси вилояти Хатлон, номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар - 1 Давлаталӣ Саид дар

Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Субҳи имрӯз дар толори бинои нави Парламенти кишвар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии

ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 30 сентябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон,