ҶОМӢ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №32
Имрӯз, 24 март, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Хурамдиёри ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Дар муассисаи таълимии мазкур мушкилоти норасоии ҷойи нишаст аз байн рафта, барои омӯзгорону хонандагон шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии хонандагон 650 нафарро ташкил дода, бинои иловагӣ аз тарафи Бунёди миллии CASA-1000 бо маблағи умумии 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Бинои иловагӣ дуошёна буда, дорои 8 синфхона барои 350 нафар хонанда дар ду баст сохта шудааст.
Синфхона ва роҳравҳои бинои нав бо шиору навиштаҷотҳои таълимию тарбиявӣ оро дода шуда, намои бино зебо ва ба таври замонавӣ рангубор карда шудааст. Синфхонаҳо ба мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуда, барои таҳсил пурра омода мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани ҳамкории падару модар бо муассисаи таълимӣ ва бештар намудани натиҷаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, китобхонӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ суҳбат оростанд.
Омӯзгорон зимни суҳбат сипосгузории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таваҷҷӯҳи хоса ба мактабу маориф доштанашон баён намуданд.
Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар саҳни бино бо гурӯҳе аз ҷавонон суҳбати озод намуда, бо онҳо вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҳарбӣ, корҳои созандагӣ ва машғул шудан ба варзиш суҳбат оростанд. Инчунин, аз мушкилоти онҳо огоҳ гардида, барои рафъи онҳо ба масъулон дастуру супоришҳо доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё кардани шароити мусоиди таълимро дар мадди аввал гузоштааст. Ин аст, ки ҳамасола биноҳои наву замонавӣ бо шароити мусоиди таълим фароҳам мегарданд.
Хабарҳои дигар

ҶОМӢ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №15
Имрӯз, 24 март, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 15
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро

ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 48
1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ дар назди муассисаи

НОСИРИ ХУСРАВ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 19 март, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати Хуталони ноҳияи Носири Хусрав синфхонаҳои иловагӣ барои 200 ҷойи