МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 48

ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 48

2-09-2024, 08:58
54
0
1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 48 синфхонаи иловагиро ифтитоҳ намуданд.
Тибқи лоиҳа иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои 4 адад синфхона, китобхона ва идораи директор иборат мебошад.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расиданд.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Ҳамчунин, маорифчиён низ аз чунин туҳфаи зебо дар арафаи оғози соли нави таҳсил изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат афзуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят низ 867 ҳазору 185 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 23 ҳазору 150 нафар хонанда зиёд аст.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 адад иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Дарқади
ФАРХОР: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №14 БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН.
ФАРХОР: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №14 БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН.
9-уми августи соли 2024, зимни сафари кории раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор-
ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ Бунгоҳи тиббиро мавриди
ХАТЛОН: РАИСИ ВИЛОЯТ БА 10 ОИЛАИ НИЁЗМАНД ВА ЯТИМОН КАЛИДИ ХОНА ТӮҲФА НАМУДАНД
ХАТЛОН: РАИСИ ВИЛОЯТ БА 10 ОИЛАИ НИЁЗМАНД ВА ЯТИМОН КАЛИДИ ХОНА ТӮҲФА НАМУДАНД
1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ 10 хонаи истиқоматиро