ИМЗОИ СОЗИШНОМА БАЙНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТИ КИРОВИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Имрӯз, 17 марти соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Губернатори вилояти Кирови Федератсияи Россия ҷаноби Александр Валентинович Соколов “Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Россия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ” ба имзо расонида шуд.
Мақсади созишномаи мазкур аз тавсеаи робитаҳои судманди дуҷониба, алалхусус таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар асоси баробарӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои мутақобилаи Тарафҳо тибқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунандаи ҷонибҳо иборат мебошад.
Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ байни вилояти Хатлон бо вилояти Киров густариш ёбанд. Он ба таҳкими робитаҳои байни ду минтақа мусоидат намуда, барои тарафҳо имкониятҳои нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф фароҳам меорад.
Тасвиби санади мазкур ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки ҳамкориро бо вилояти Киров дар соҳаҳои саноат, комплекси агросаноатӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ ва тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, маориф, илм ва техника ба роҳ монад.
Хабарҳои дигар

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУБЕРНАТОРИ ВИЛОЯТИ НОВОСИБИРСКИ РОССИЯ
10 октябр, дар шаҳри Душанбе раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия Травников Андрей дидору

МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОМАН МАРКОВ
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон Инвест” раиси вилояти Хатлон ҳайати вилояти Ленингради Федератсияи Русияро бо

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО АННА КУЗНЕТСОВА
Имрӯз, 27 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазири кишоварзӣ ва бозори

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЪЗОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ФФТ ИНТИХОБ ШУД
Имрӯз, 14 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» дар доираи Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати нави