МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОМАН МАРКОВ

19-10-2024, 06:29
67
0
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон Инвест” раиси вилояти Хатлон ҳайати вилояти Ленингради Федератсияи Русияро бо роҳбарии муовини якуми раис, раиси кумитаи молияи ин вилоят Роман Марков ба ҳузур пазируфт.
Нахуст, раиси вилоят меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мулоқоти мазкур ва иштироки ҳайати расмии вилояти Ленинград дар Форуми “Хатлон Инвест” дар самти густариши ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нав қадами муҳим ба шумор меравад.
Давлаталӣ Саид доир ба зарфиятҳои саноатию кишоварзии вилояти Хатлон маълумот дода, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро бо шарикони рушд муаррифӣ намуд.
Қайд гардид, ки дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, Сарони ду кишвар нақши асосӣ доранд, ки ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарокати стратегиро касб кардаанд. Русия дар тӯли ҳамкориҳои бисёрсола дар тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон мавқеи пешсаф дорад.
Дар рафти мулоқоти Давлаталӣ Саид бо Роман Марков, инчунин, масоили мубрами таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия баррасӣ карда шуд.
Ёдовар мегардем, ки то имрӯз вилояти Хатлон бо минтақаҳои Федератсияи Русия беш аз 10 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Хатлон бо минтақаҳои Русия дар ҳоли рушд қарор дорад.

 

 

 
Хабарҳои дигар
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУБЕРНАТОРИ ВИЛОЯТИ НОВОСИБИРСКИ РОССИЯ
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУБЕРНАТОРИ ВИЛОЯТИ НОВОСИБИРСКИ РОССИЯ
10 октябр, дар шаҳри Душанбе раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия Травников Андрей дидору
ДАВЛАТАЛӢ САИД: “АЛОҚАМАНДИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО ХУРОСОНИ РАЗАВӢ ҲАСТЕМ”
ДАВЛАТАЛӢ САИД: “АЛОҚАМАНДИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО ХУРОСОНИ РАЗАВӢ ҲАСТЕМ”
Барои тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни вилоятҳои Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон таъсиси
ВИЛОЯТҲОИ ХАТЛОН ВА ГОМЕЛ БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ИМКОНИЯТИ ЗИЁД ДОРАНД
ВИЛОЯТҲОИ ХАТЛОН ВА ГОМЕЛ БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ИМКОНИЯТИ ЗИЁД ДОРАНД
17 октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко, сафири фавқулода ва мухтори Беларус Виктор
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024»
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024»
12 октябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба Форуми
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори