ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024»
12 октябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба Форуми байналмилалии «ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024» баргузор гардид.
Дар кори ситод муовини аввали раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирон ва сардорони шуъбаву раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ширкат доштанд.
Бояд зикр намуд, ки рӯзҳои 17-18 октябри соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» ва “Бохтар Фуд” баргузор мегардад.
Ҳадафи Форуми мазкур баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
Раиси вилоят зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Форуми байналмилалии «ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024» ва “Бохтар Фуд” бевосита бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, дар ҷараёни он намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии вилоят муаррифӣ мегардад ва мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби Ёдошти тафоҳум байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор хоҳад гашт.
Роҳбарияти вилоят барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии байналмилалӣ масъулонро вазифадор намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.




