МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ТАҲТИ РАЁСАТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ТАҲТИ РАЁСАТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

28-02-2025, 13:45
72
0
Имрӯз, 28 феврал, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯро, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ширкат варзиданд.
Нахуст котиби масъули Шӯро, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Чиллазода Шараф Қарахон суханронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда тибқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2024, чораҳои андешидашуда оид ба иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи дуюми соли 2024 ва дастуру супоришҳои протоколи ҷаласаи Шӯро аз 24 июли соли 2024 ҳисобот доданд.
Раиси Шӯро Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ баён доштанд, ки аъзоёни Шӯро, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини соҳаро зарур аст, ки корҳои тарғибу ташвиқотиро оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла нашъамандӣ ва оқибатҳои он байни ҷомеи шаҳрвандӣ, бахусус ҷавонон тақвият бахшанд.
Инчунин, аъзоёни Шӯрои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои протоколҳои қаблии ҷаласаҳои Шӯро ва бандҳои дахлдори Нақшаи кории Шӯроро зери назорат ва корбарии ҳамаҷониба қарор дода, оид ба иҷрои бандҳои Нақша маълумоти пурра ва саривақтӣ пешниҳод намоянд.
Сипас ҳисоботи муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат вобаста ба баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии "Хона ба хона" шунида шуд.
Раиси Шӯро ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб оид ба талаботи қонунҳо ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ дар байни мардум таъсирбахш гузаронида шавад.
Вобаста масъалаи 3-юми рузнома – “Пешгирии раванди гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти эктремистию террористидошта” сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Мирзозода Нусратулло Неъмат маълумот доданд.
Сипас, пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба амалисозии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби прокурори вилоят Аваз Назарзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба масъалаи 4-уми рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи комиссари ҳарбии вилоят Амонуллозода Аминҷон Амонулло вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи панҷум лоиҳаи Нақшаи кории Шӯро барои соли 2025 ба ҳама аъзоён дастрас шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.
Аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои мухталифи ҳуқуқӣ вохӯриҳо бештар ба роҳ монда шаванд.
Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар назди аъзои Шӯро вазифаҳо гузоштанд, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати баҳорӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар ВАО ва ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳои даврӣ тадбирҳои натиҷабахш андешанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 24 июл, бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
Имрӯз, 13 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Давлаталӣ Саид - раиси вилоят ҷаласа баргузор гардид.
ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 11 июл, дар толори хурди
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 5 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 10 сентябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор