МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАВЗЕИ ЧИЛУЧОРЧАШМА

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАВЗЕИ ЧИЛУЧОРЧАШМА

31-01-2025, 17:58
49
0
Имрӯз, 31 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав бо рафти корҳои таъмир, бунёди меҳмонхона (хомстейҳо) дар мавзеи Чилучорчашма шинос шуданд.
Дар ноҳия 32 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки машҳуртарини онҳо зиёратгоҳи “Чилучорчашма” ба шумор меравад.
Зиёратгоҳи мазкур аз маркази ноҳия дар масофаи 4 километр дуртар ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Аз оби зулоли он тавассути канал сокинони 6 деҳа истифода мебаранд. Хати оби нӯшокии маркази ноҳия низ аз “Чилучорчашма” кашида шудааст.
Инчунин, бо ин об 700 гектар киштзор обёрӣ мешавад. Ҳамасола ба ин мавзеи таърихӣ дар фасли тобистон то 10 ҳазор нафар сайёҳон ташриф меоранд.
Раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, сабзгардонӣ ва равшаннамоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ беҳ аз 80 фоиз ба анҷом расида, мувофиқи нақша ба истифода дода мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ба истифода додани хати оби нушокии “Шолидара-Дарбанд” дар ноҳияи Нуробод
Ба истифода додани хати оби нушокии “Шолидара-Дарбанд” дар ноҳияи Нуробод
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии
Боздид аз нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4-и Неругоҳи обии “Роғун”
Боздид аз нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4-и Неругоҳи обии “Роғун”
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ва шиносоӣ бо ҷараёни парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои суперинтенсивии ҶДММ “Рахшона”
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ва шиносоӣ бо ҷараёни парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои суперинтенсивии ҶДММ “Рахшона”
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
23 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ