КӮШОНИЁН: БОЗДИД АЗ ГАРМХОНАҲОИ ТИПИ НАВ
Имрӯз, 23 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода ва сафири сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён аз гармхонаҳои типи нав боздид намуданд.
Дар назди хоҷагии деҳқонии «Ёрмаҳмад» гармхонаҳои типи нав аз тарафи Лоиҳа «Оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда» ташкил карда шудааст.
Роҳбари хоҷагӣ Шафоев Сулаймон иттилоъ дод, ки масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 4,60 гектар буда, 18 нафар саҳмдорон фаъолият карда, музди миёнаи меҳнати саҳмдоронаш 1300 сомониро ташкил медиҳад.
Дар хоҷагӣ 3 адад гармхонаи доимоамалкунанда ташкил карда шудааст, ки дар 2 адади он қулфинай ва дар 1 адад гармхонаи дигар кучаттайёркунӣ дар масоҳати 0,50 гектар ба роҳ монда шудааст. Дар боқимонда, 3,50 гектар заминҳои хоҷагӣ пахта кишт карда мешавад.
Аз коштани тухмӣ то парвариш он тавассути технологияи муосири кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар он ба масъулони соҳаи кишоварзӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Хабарҳои дигар

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи

ИФТИТОҲИ АВВАЛИН МАРКАЗИ МАШВАРАТӢ ВА ОЗМОИШГОҲИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 23 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода ва сафири сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар

ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар

ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка

Боздид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Саодатшо” дар деҳаи Лоларух ва шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара
19 сентябр дар деҳаи Лоларухи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси