МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ИФТИТОҲИ АВВАЛИН МАРКАЗИ МАШВАРАТӢ ВА ОЗМОИШГОҲИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

ИФТИТОҲИ АВВАЛИН МАРКАЗИ МАШВАРАТӢ ВА ОЗМОИШГОҲИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

23-01-2025, 11:05
76
0
Имрӯз, 23 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода ва сафири сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар кӯчаи Ҷ.Мирзоқодирова 50-и шаҳри Бохтар Маркази машваратӣ ва озмоишгоҳи кишоварзиро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази мазкур дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати ИМА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи лоиҳаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» аз ҷониби USAID дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Агро Олам» ба маблағи 125 ҳазор доллари америкоӣ таъсис ёфтааст.
Маркази мазкур аз панҷ ҳуҷра: ҳуҷраи мушовирон, ҳуҷраи қабули намунаҳо ва омодакунӣ барои ташхис, ташхисгоҳи касалиҳои растаниҳо, ташхисгоҳи хок ва об, толори маҷлисгоҳ ва омӯзишҳо иборат аст. Айни замон 4 нафар дар марказ фаъолият мекунанд.
АГРО ЛАБ - ташхисгоҳи кишоварзии нахустин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ташхисгоҳи мазкур барои баланд бардоштани сифат ва ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ хизмат мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки ташхисгоҳ бо таҷҳизотҳои замонавии пешқадами рақамӣ ва мутахассисони пешбари кишвар таъмин шуда, раванди ташхис муайян кардани таркиби хок, об ва касалиҳои растаниҳоро дар бар мегирад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ ба сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят дастур доданд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамовардашуда бо деҳқонон ҳамкорӣ намоянд ва дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳиму стратегии давлату Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми бештар гузоранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп
Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори
Ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
29 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии