МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛУ БИНГ

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛУ БИНГ

9-01-2025, 09:48
68
0
Имрӯз, 9 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Лу Бинг, директори шикати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В. дар Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
Ширкати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В. дар Тоҷикистон лоиҳаи худро дар соҳаи истихроҷи нафту газ дар минтақаи Бохтар амалӣ намуда истодааст.
Ширкати мазкур барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дорад ва барои амалишавии ин лоиҳа корҳои тадқиқотӣ анҷом дода истодааст. Соҳаи нафту газ ҷузъи муҳими комплекси сӯзишворӣ-энергетики кишвар буда, дар қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти нефтӣ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ нақши арзанда дорад.
Зимни мулоқот аз рушди муносибатҳо ёдовар шуда, баҳри тақвият додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ВАН ХАО
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ВАН ХАО
11 июл, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Ван Хао, директори генералии корпоратсияи
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУ ЧЕНГ ФЕНГ
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУ ЧЕНГ ФЕНГ
Имрӯз, 5 декабр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Гу Ченг Фенг, директори генералии
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГАО ДЖОНГ ТАО
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГАО ДЖОНГ ТАО
Имрӯз, 27 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Гао Джонг Тао, роҳбари Ҷамъияти
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САРМОЯГУЗОРОНИ ТУРКИЯ
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САРМОЯГУЗОРОНИ ТУРКИЯ
Имрӯз, 26 июн, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Экмен Ирфан - роҳбари ширкати “Ekmen