МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУ ЧЕНГ ФЕНГ
Имрӯз, 5 декабр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Гу Ченг Фенг, директори генералии Ширкати истеҳсоли энергияи барқии Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқот намуданд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
- Мо, ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонам, - афзуд раиси вилоят.
Ба гуфти Гу Ченг Фенг, директори генералии Ширкати истеҳсоли энергияи барқӣ ширкати бузурги энергетикии онҳо ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги бодию офтобӣ дар вилоят ҳавасмандии зиёд дорад. Таъкид гардид, ки ширкат метавонад ба вилоят дар таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву шамолӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир таъсиси нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Хабарҳои дигар

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ВАН ХАО
11 июл, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Ван Хао, директори генералии корпоратсияи

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГАО ДЖОНГ ТАО
Имрӯз, 27 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Гао Джонг Тао, роҳбари Ҷамъияти

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ ЧИНИИ «XINJIANG SHIHEZI DEVELOPMENT»
29 октябр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати «Хinjiang Shihezi Development»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван

МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОМАН МАРКОВ
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон Инвест” раиси вилояти Хатлон ҳайати вилояти Ленингради Федератсияи Русияро бо