МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ФАРХОР. ТАҚДИМИ КАЛИДИ З6 ХОНАИ НАВИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ

ФАРХОР. ТАҚДИМИ КАЛИДИ З6 ХОНАИ НАВИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ

28-11-2024, 13:44
38
0
27 ноябр, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров зимни сафари корӣ ба 36 оилае, ки аз офати табии бавуқуъомадаи рӯзи 25 майи соли 2024 дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зарар дида буданд, калиди хонаҳои нав тақдим гардид.
Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои истиқоматӣ, роҳу пул ва дигар иншооти маишиву хизматрасонӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ қисми зиёди онҳо зарар дида буд, он дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф ва барои сокинони деҳоти Хутани ноҳияи Фархор манзилҳои нави истиқоматӣ муддати 3 моҳ бунёд карда шуд.
Ҳар як хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоб дар масоҳати 110 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 3 ҳуҷра, ошхона ва ҳаммом мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва азнавсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дошт.
Дар деҳаи Сурхоб дар баробари бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҳамзамон бунгоҳи саломатӣ, роҳ ва дигар иншооти соҳаи хизматрасонӣ сохта шуда, барои аҳолӣ тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.

Хабарҳои дигар
ФАРХОР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА
ФАРХОР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА
Имрӯз, 14 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор аз рафти
Супоридани хонаҳои истиқоматӣ ва майдончаи варзишӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ишкошим
Супоридани хонаҳои истиқоматӣ ва майдончаи варзишӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ишкошим
13 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ ТАВАЛЛУДИ БЕМОРХОНАИ РАҚАМИ 3
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ ТАВАЛЛУДИ БЕМОРХОНАИ РАҚАМИ 3
27 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №53
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №53
27 ноябр, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати
ФАРХОР. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ РОҲИ МАҲАЛЛӢ ДАР МАСОФАИ 7,1 КИЛОМЕТР