МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ЭРОН
Имрӯз, 19 ноябр, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрӣ анҷом доданд.
Раиси вилоят ташрифи меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар буда, ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳимми Тоҷикистон ва минтақа мушорикати фаъол доранд.
Дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид доир ба зарфиятҳои вилояти Хатлон гуфт, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб меёбад ва ҳамасола молу маҳсулоти тоза, аз ҷумла пахта, меваҷот, полезӣ, ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар мулоқот масоили рушди соҳаи саноат, густариши ҳамкориҳои чандҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои хурду бузург мавриди гуфтумон сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки иқтидори истеҳсолии вилояти Хатлон дар самти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили боғдорию сабзавоткорӣ дар кишвар мавқеи намоён дошта, даҳҳо номгӯи маҳсулот дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот мегардад.
Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи ҳолдинги “Алмос-Неру”-и Эрон, зикр намуд, ки мақсади дидору мулоқоти раҳбарони ширкатҳои эронӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон бунёди корхонаи меваю афшура, хушконидани он, ки дар марҳилаи аввал 7 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад, мебошад.
- Мо вобаста ба коркарди меваи хушсифат, аз ҷумла себ манфиатдорем ва иқлими Тоҷикистон баҳри зиёд намудани истеҳсоли ин навъи маҳсулот заминаҳои бунёди корхонаҳои азими истеҳсолиро ба миён мегузорад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем чунин корхонаро дар вилояти Хатлон бунёд созем ва беш аз 500 нафар бонувони маҳаллиро ба кор фаро гирем, - афзуд Маҳдӣ Асадуллоҳпур.
Раиси вилоят иқдоми меҳмононро дастгирӣ намуда, гуфтанд, ки майдони боғот дар вилоят зиёд аст ва ҳамасола ниёз ба истеҳсолоту коркарди пурраи он пайдо мегардад.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон беш аз 45 ҳазор гектар замини боғ мебошад, ки кишоварзон бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷуда майдони боғотро сол аз сол бештар менамоянд, ки ин омил баҳри таъмини бозори дохилӣ ва содироти ин маҳсулоти ватанӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамзамон, бобати ҳамкориҳо дар соҳаи дандонпизишкӣ, металургияи ранга, кишоварзӣ табодули назар намуданд.
Хабарҳои дигар

ДАВЛАТАЛӢ САИД: “АЛОҚАМАНДИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО ХУРОСОНИ РАЗАВӢ ҲАСТЕМ”
Барои тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни вилоятҳои Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон таъсиси

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ “BEHRON”-И ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
25 октябр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони ширкати “Behron”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтушунид намуданд.

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф
10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири

Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ
30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу

Иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон