МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ

Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ

30-07-2024, 11:54
78
0
30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раисиҷумҳури Эронро ба Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод.
Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштанд.
Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад дошт.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба як зумра масоили байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи андеша сурат гирифт.

 

 
Хабарҳои дигар
Иштирок дар маросими видоъ ва таъзия бинобар даргузашти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон
Иштирок дар маросими видоъ ва таъзия бинобар даргузашти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон
Оғози сафари корӣ дар Теҳрон
Оғози сафари корӣ дар Теҳрон
30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф
Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони