ХАТЛОН: ТАҶЛИЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 4 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мутантани вилоятӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии осоишта кормандони ташкилоту муассисаҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо, ҷавонон ва варзишгарон, инчунин, низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, дар маҷмуъ наздики 20000 ҳазор нафар, фаъолона иштирок карда, эҳтироми Конститутсияро ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.
Иштирокдорони роҳпаймоии идона бо шиору парчамҳо ва амсилаи Конститутсия бо ифтихори бузург ва самимияти бепоён ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии қабули “Бахтномаи миллат” муборакбод мегуфтанд.
Сипас, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ раиси вилояти Хатлон сокинонро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба сокинони шарафманди вилоят иқболи нек ва зиндагии босаодат таманно намуданд.
- Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад. 30 сол муқаддам - 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши муассиру сарнавиштсоз гузошт, - афзуд раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои сатҳи баланди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба об аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид собит ба он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари рушди давлатдории миллӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлатҳои ҷаҳон низ ташаббускор аст. Ин иқдомҳои наҷибу созанда мавқеъ ва обруи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон баланд намудааст, ки маҳсули андешаҳои комил ва саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Таъкид шуд, ки шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонад истиқлоли миллӣ ва амнияту ҷомеаи моро халалдор созад, тақозо менамояд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона сохта, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.
Вилояти Хатлон дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар доираи фаъолияти меъёрҳои конститутсионӣ аз пешрафт ва таҳаввулоте, ки дар кишвар ба вуқуъ пайвастанд, дар канор набуда, дар фазои орому осудаи ватан бо саъю талоши сокинони шарафмандаш дар рушди тамоми саҳоҳои иқтисодию иҷтимоӣ муваффақ гардида истодааст. Шароити мусоиди сифатан беҳтар гардидани рушди устувори иқтисодии кишвар ба он мусоидат намуд, ки дар вилоят ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ ва иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуда, ба сокинони вилоят садҳо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардад.
Хабарҳои дигар

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - ШАҲРИ БОХТАР
8 сентябр, дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони

Иштирок дар тантанаи идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар тантанаи идона ба ифтихори

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 - солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 09.05.2024
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ
28 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси