МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ШАҲРИТУС: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ

ШАҲРИТУС: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ

2-10-2024, 06:39
43
0
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Шаҳритус аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Бабан бобо” дар масоҳати 1,25 гектар чормағзи заминии навъи “Маҳаллӣ” кишт карда, айни ҳод ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ бо ҷамъоварии ҳосил ва намоиши маъсулоти кишоварзӣ ба кори деҳқонон баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар таъмини амнияти озуқаворӣ хуб арзёби намуданд.
Сарвазири бо хоҷагидор суҳбати самимӣ ороста, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.
Сарвазири мамлакат зимни мулоқот бо сокинон қайд намуданд, ки имрӯз зарурати истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ба миён омадааст. Ҳар як оила бояд ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда ҷидду ҷаҳд намояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ЭҲЁИ ЧАШМА"
НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ЭҲЁИ ЧАШМА"
7 июн, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав аз хоҷагии деҳқонии “Эҳёи чашма”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Панҷи
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи