НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ЭҲЁИ ЧАШМА"
7 июн, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав аз хоҷагии деҳқонии “Эҳёи чашма” боздид намуданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии «Эҳёи чашма» дорои 5,15 гектар замин буда, хоҷагидор 1200 бех дарахти олуи сиёҳ, 330 бех дарахти зардолу, 30 бех дарахти гелос ва 80 бех дарахти чормағз шинонидааст. Айни ҳол деҳқон нақша дорад, ки 30 тонна олуи сиёҳ ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва беруна содирот намояд.
Хоҷагии деҳқонии “Эҳёи чашма” соли 2017 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Асомиддинов Ҳайитмурод ташкил гардида, дар он 4 нафар саҳмдор фаъолият менамоянд, ки ҳамасола меваи тару тоза парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Хоҷагидор дар миёни дарахтон кишти зироати хӯроки чорво – бедаро ба роҳ мондааст, ки ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо хоҷагидор суҳбати самимӣ намуда, ба меҳнати садоқатмандонаи ӯ дар самти парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тоззаи табиӣ баҳои баланд доданд.
Хабарҳои дигар

НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ТОКЗОРИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ВАСИЛА”
7 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав бо фаъолияти токзори хоҷагии деҳқонии “Васила” шинос

ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар

ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи

ҶАЙҲУН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИҚБОЛ”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар