МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ДАНҒАРА: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАРӮХ БУНГОҲИ ТИББИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

ДАНҒАРА: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАРӮХ БУНГОҲИ ТИББИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

20-09-2024, 06:21
68
0
19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Лоларухи ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи соҳаи тандурустӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар намояндагони мақомоти дахлдори соҳавӣ ширкат намуданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва ба тандурустии аҳли ҷомеа овардани шароити боз ҳам беҳтар мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дорои 3 утоқи корӣ буда, бо талаботҳои меъморӣ бунёд гардидааст. Бунгоҳи тиббӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, мушкили чандинсолаи деҳаро бартараф кард.
Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат афзуд, ки дар баробари дигар соҳаҳои муҳим, соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намуда, бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони таҷрибадору соҳибтахассус таъмин гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Бояд зикр намуд, ки баҳри пешрафти кори соҳа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла дар деҳот ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони бонангу номус, шахсони эҳсонкор ба ифтихори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 477 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, 133 адади он аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст.

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ Бунгоҳи тиббиро мавриди
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ ФАРОҒАТӢ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ ФАРОҒАТӢ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи
ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ УНИВЕРСАЛӢ ДАР НАЗДИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ
ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ УНИВЕРСАЛӢ ДАР НАЗДИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз, 24 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Имрӯз, 11 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз вазъи фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар огоҳ гардиданд.
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия