ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ ФАРОҒАТӢ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Алиҷони ҷамоати деҳоти Пушинг бинои маркази фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ширкат намуданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва ба солимии аҳли ҷомеа овардани шароити боз ҳам беҳтар мавриди истифода қарор гирифт.
Маркази фароғатӣ саҳну атрофи кушоду барҳаво дошта, фаввораву нишастгоҳҳо, арғунчакҳо барои бозии кӯдакон сохта шуда, сокинони деҳаи Алиҷон ҳар шомгоҳ имконияти сайёҳату фароғатро дар чунин мавзеи зебоманзар пайдо намуданд.
Дар шафати Маркази фароғатӣ ва майдончан бозии кӯдакон бинои дуошёнаи хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид. Дар ошёнаи дуюми бинои мазкур коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият пардохт. Дар ин коргоҳ 20 нафар бонувони хонанишин ба кор таъмин гашта, фаъолияти онҳо ба дӯхти либоси низомӣ равона гардидааст. Дар ошёнаи якуми бино китобхонаи муосир таъсис шуда, 6300 нусха адабиёти гуногун гузошта шудааст. Дар толори алоҳидаи хониш шароити зарурӣ мавчуд буда, сокинон ба мутолиаи китоб машғул мешаванд.
Майдончаи бозии кӯдакон бо беҳтарин шароит сохта шуда, барои солимии ҷавонон заминаи хубе фароҳам оварда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ҷавонону наврасони маҳал зикр намуданд, ки ба машғулиятҳои варзишӣ дар вақтҳои холигӣ машғул шудан яке аз роҳҳои муфиди пешгирӣ аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ақидаҳои итиҷоӣ мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, раиси вилоят аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.
Хабарҳои дигар

ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ БОЛОПӮШИДАИ ФУТБОЛ
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар

ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ УНИВЕРСАЛӢ ДАР НАЗДИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз, 24 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири

ДӮСТӢ: ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ Бунгоҳи тиббиро мавриди

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси