Мулоқот бо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот роҳҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин бар асоси усули ҳамсоягии нек изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дастгирии доимии якдигар, аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар соҳаҳои обу иқлим, ҳамчунин, татбиқи онҳо таъкид карда шуд.
Ба татбиқи босамари муштараки лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисод, бахусус энергетика, саноат, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои калидӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Атрофи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва қолаби “Осиёи Марказӣ – Чин” табодули афкор сурат гирифт.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии

Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф
29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф,

Мулоқот бо узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович
10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси

Мулоқот бо Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермакбаев
14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермакбаевро ба ҳузур

Мулоқот бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми