МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг

28-05-2025, 11:50
40
0
28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд номиданд.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ портфели маблағгузории Бонк 190 лоиҳаро ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард доллар дар бар гирифтааст ва ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо нақши муҳим доранд.
Пешгирӣ ва коҳиш додани фишори омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Барои ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ, энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва коммуникатсия, ҷалби бештари сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва ҷудо намудани маблағҳои иловагии грантӣ зарур шумурда шуд.
Тақвияти ҳамкорӣ дар самти ташаккули минбаъдаи иқтисоди рақамӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи босамари лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” зоҳир гардида, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум муҳим дониста шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати дастгирии “Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таъсис ёфтааст, иқдомоти шоистаро роҳандозӣ хоҳад кард.
Атрофи мукаммалсозии стратегияи навбатии шарикии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд барои панҷ соли минбаъда низ табодули афкор сурат гирифт.
 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо ҳайати Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд
Мулоқот бо ҳайати Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.
Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава
Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси
Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроуху
Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроуху
1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ
Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер
Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми
Мулоқот бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде
Мулоқот бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо