МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Иштирок дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ”

Иштирок дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ”

4-04-2025, 12:54
77
0
4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест.
Таъкид гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамояд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми солонаи маблағгузории барномаҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки он беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати пайомадҳои бузург ин рақам ба 1,5 миллиард доллар мерасад.
Изҳор карда шуд, ки дар чунин шароит танҳо саъю кӯшишҳои якҷояи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи чаҳонӣ барои бартарафсозии ин мушкилот ба мо кумак мерасонад.
Ба таъкиди Сарвари давлати мо давоми бист соли охир барномаҳои марбут ба обу иқлим пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона татбиқ мегардад ва зимнан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
“Қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи мустаҳкам гузошт”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуданд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии мо, инчунин, барои татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои “Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030” мусоидат намуданд.
Тавре таъкид карда шуд, байни энергетика ва тағйирёбии иқлим робитаи зич вуҷуд дорад ва рушди энергетикаи “сабз” метавонад қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим бошад.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз барои истеҳсоли энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дошта, тибқи нақша то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мегузарад.
Таъкид карда шуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.
Доир ба аҳамияти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим сухан гуфта, Сарвари давлат аз обшавии пиряхҳо, аз ҷумла комилан обшудани ҳудуди 1300 адад аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди Тоҷикистон дар панҷоҳ соли охир изҳори нигаронӣ намуданд.
Ба таъкиди Президенти кишвар ин ҳолат тамоюли хеле ташвишовар мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд.
“Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд”, изҳор доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ёдовар шуданд, ки дар асоси ин қарор, моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад ва ин боз як нақши назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.
Аз иштирокдорони ҳамоиш барои иштироки фаъолона дар кори Конфронси Душанбе ва дар маҷмуъ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо даъват намуда, Президенти кишвар изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе ва саъю кӯшиши якҷояи кишварҳое, ки дар кори он иштирок менамоянд, бешубҳа, барои баргузории муваффақонаи Конфронси СOP-30 дар Бразилия дар охири соли равон нақши назаррас мегузоранд.
Истифодаи технологияҳои муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткорона ба об чун манбаи муҳимтарини ҳаёт шарти асосии кам кардани талафоти он шуморида шуд. Дар ин зимн, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват карда шуд, ки ба масъалаи афзуннамоии маблағгузории чораҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои осебпазир, бахусус, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, тадбирҳо биандешанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Иштирок дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблуғгузории соҳаи иқлим дар Павилиони Покистон
Иштирок дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблуғгузории соҳаи иқлим дар Павилиони Покистон
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мизи мудаввари сатҳи баланд
Иштирок дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим
Иштирок дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар маросими кушодашавии
Иштирок ва суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ
Иштирок ва суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ
24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии
Иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку
Иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку
12 ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд.
Иштирок дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон
Иштирок дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон
17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони