МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Иштирок дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим

Иштирок дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим

12-11-2024, 17:10
62
0
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки об ва иқлим ҳамбастагии зич доранд ва мудирияту истифодаи оқилонаи об дар раванди ҳалли мушкилоти иқлим нақши калидӣ мебозад.
Ишора карда шуд, ки дар як муддати начандон зиёд мавзуи об бахшҳои асосии мундариҷавии конфронсҳои марбут ба иқлимро фаро гирифт.
Ба ақидаи Сарвари давлати мо, ба ин раванд, бешубҳа, конфронсҳои иқлимӣ дар Глазго, Шарм-уш-Шайх ва Дубай саҳми босазо гузоштанд.
Гуфта шуд, ки кишвари мо зиёда аз ду даҳсола аст, ки масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомаром ва фаъолона пеш мебарад. Дар ин зимн, Тоҷикистон, бо дарназардошти пайвастагии зичи рӯзномаҳои обу иқлим, ба ҷойгоҳи хос пайдо кардани мавзӯи об дар раванди гуфтушунидҳои расмии конфронсҳои иқлимӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони худ мавзуи мазкурро дар чорчӯби Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2023, “Раванди оби Душанбе” ва дигар платформаҳои муҳими байналмилалӣ пайгирӣ намудааст.
Зикр карда шуд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор метавонанд барои ҳалли мушкилоти обу иқлим заминаи хуб фароҳам созад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба яке аз ҷанбаҳои муҳимми мавзуи обу иқлим - обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳифзи пиряхҳо ба масъалаи мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
“Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2025-ро ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон намуд. Тибқи қатъномаи дар ин хусус қабулгардида, ҳамчунин, “Фонди эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд ва Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, саҳми молиявии худро ба Фонди мазкур гузошт”-изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар асоси қатъномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор менамояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузор кардани ин ҳамоиши сатҳи баландро боло бурдани сатҳи огоҳӣ, мубодилаи маълумот ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли ин мушкилот ва ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим арзёбӣ карданд.

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Иштирок дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблуғгузории соҳаи иқлим дар Павилиони Покистон
Иштирок дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблуғгузории соҳаи иқлим дар Павилиони Покистон
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мизи мудаввари сатҳи баланд
Суханронӣ дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид  оид ба тағйирёбии иқлим
Суханронӣ дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим
Муҳтарам ҷаноби Раис, Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон!
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии
Иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку
Иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку
12 ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд.
Мулоқот бо имоми акбари Муассисаи  “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб
Мулоқот бо имоми акбари Муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси