Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро хайрамақдам гуфта, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва аз рушди босуръати муносибатҳои ду давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Густариши фаъолонаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ махсус зикр гардид.
Зимни суҳбат Сарони давлатҳо аҳамияти имзои Аҳдномаи таърихӣ дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро таъкид намуда, онро боз як далели равшани дӯстии қавӣ ва дастгирии ҳамдигарии ду давлат номиданд.
Ҳарду роҳбар омодагии худро барои минбаъд низ дар ин руҳия муттасил рушд додани муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид намуданд.
Зимни суҳбати судманд ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ҷараёни устувори афзоиши гардиши савдои дуҷонибаро, ки далели иқтидори назарраси мавҷудаи ду кишвар барои афзоиши минбаъдаи он мебошад, зикр карданд.
Афзоиши сармоягузории дуҷониба нишондиҳандаи муҳими густариши ҳамкории иқтисодӣ номида шуд.
Дар ин замина, ба мақсад мувофиқ будани татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт зикр карда шуд.
Сарони ду давлат ба густариши ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, аҳамияти баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ, форумҳо, фестивалҳо, симпозиумҳо ва мулоқотҳои зиёиёни эҷодкор ва илмиро таъкид намуданд.
Хабарҳои дигар

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
31 март мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари

Ташрифи Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон
31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва

Иштирок дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
9 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар Вохӯрии шашуми

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар