Оғози сохтмони ду иншоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ
Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳалли сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд.
Бо розигии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе санги асос аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб гузошта шуд.
Сарони ду давлат ва дигар ҳозирин маросими гузоштани санги асоси ин ду иншооти муҳими соҳаҳои фарҳанг ва маорифро дар мониторҳои калон дар Қасри Кремл мушоҳида намуданд.
Хабарҳои дигар

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия дар доираи сафари расмӣ
Ташаккур, муҳтарам Владимир Владимирович! Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Пеш аз ҳама мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам

Гузоштани санги асоси сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»
19 сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Оғози сафари расмӣ ба Федератсияи Русия
16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 - солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 09.05.2024
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ

Гузоштани санги асоси сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси