Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гугирд дар шаҳри Бохтар
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли гугирди ҶДММ "Расули Валӣ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатӣ-истеҳсолии шаҳри Бохтар дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Олмон ворид ва насб гардида, барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хом қисман аз хориҷ ворид мегардад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 300 ва дар як сол 100-ҳазор қутии шартӣ пешбинӣ шудааст.
Дар корхона 40 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд, ки аксари коргарону мутахассисонро занон ташкил медиҳанд.
Корхона бо харҷи ду миллион сомонӣ сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд ёфта, истеҳсол ва бандубасти маҳсулот тавассути технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст. Коргарон аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон мусоидат мекунад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти корхонаи навтаъсис шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ибратбахш арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ дар оянда тадбирҳои бештар амалӣ намоянд.
Хабарҳои дигар

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар

Бунёди корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона дар шаҳри Бохтар
8 ноябр дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди

Ифтитоҳи корхонаи кранҳои борбардор дар ноҳияи Ёвон
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли механизмҳои

Ифтитоҳи Парки технологии шаҳри Хоруғ
13 октябр зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел” дар назди ҶСК “Душанбе-Саноат”
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси