Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаи гуногуни ҶДММ "Вахш Саноат" дар ноҳияи Кӯшониён
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни "Вахш Саноат"-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар масоҳати 15 ҳазору 325 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Корхонаи истеҳсолӣ аз сехи истеҳсоли қисмҳои оҳанини воситаҳои нақлёт, қитъаи ба шаклдарории маҳсулоти фулузӣ, қитъаи кафшергарию сайқалдиҳии фулузот, сехи рангубордиҳии қисмҳои оҳанин, қитъаи рангдиҳию хушккунии ҷузъҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷми фулузӣ, инчунин сехи васлу насби ниҳоии воситаи нақлиёт иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ ва масъулини соҳа маслиҳат доданд, ки дар оянда то 90 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёти барқиро дар дохили кишвар истеҳсол намоянд.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки 20 аробачаи маъюбӣ ба эҳтиёҷмандони ноҳия туҳфа намоянд.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.
Дар корхана истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мотосикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона вобаста ба талаботи бозори дохилӣ дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800 ададро ташкил медиҳад.
Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки воситаҳои нақлиёт босифат истеҳсол гардида, барои содирот низ мутобиқ аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноати мошинсозӣ дар ноҳия ва дар маҷмуъ бо тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият бахшидани иқтидорҳои истеҳсолӣ, инчунин боз ҳам зиёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии "Вахш Саноат" дар ҳамин ҷо бо ҳосили фаровони зироаткории ноҳияи Кушониён шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.
Таъкид шуд, ки нақлёти сабук ва барқии ин корхона ба осон намудани мушкилии хоҷагидорон ва соҳибкорони деҳот мусоид аст.
Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои кишт, аз меҳнати созанда ва истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини корам дар ноҳияи Кӯшониён шаҳодат медиҳад.
Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо мавҷуд буд.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг) дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо бардоштани

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
28 сентябр, дар Маҷмааи фарҳангии "Офтобак"-и Вахш аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел” дар назди ҶСК “Душанбе-Саноат”
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси