МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

Ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

12-10-2024, 09:25
55
0
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рўшон дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар асоси лоиҳаи ҷолиб, дар паҳлуи парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст.
Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, майдони назди он бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш ёфтааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар майдони Нишони давлатӣ моҳи июл оғоз ёфта, бо саҳми соҳибкорони бо нангу номуси ноҳияи Рўшон ва сокинони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Бо мақсади ободу зебо ва назаррабо гардидани майдони Нишони давлатӣ даромадгоҳ ва роҳравҳо сафолпӯш карда шуда, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.
Чароғонии ин мавзеъ ва насби суҳбаткадаҳо имкон медиҳад, ки сокинону меҳмонони ноҳия рӯзона ва шабона сайругашт намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Рашт
Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Рашт
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт - шаҳраки Ғарм баъди азнавсозӣ майдони
Ба истифода додани гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара
Ба истифода додани гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи
Ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Сангвор
Ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Сангвор
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ
Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи
Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон
Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию