Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дигар шахсони расмӣ ва сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Рушон бо самимияти хосса, рӯҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.
Барои истиқболи меҳмони олиқадр аҳли санъат ва ҳунар барномаи рангину фарҳангиро дар сатҳи баланд пешниҳод намуданд.
Дар ноҳияи Рӯшон барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, раванди созандагиҳо вусъати тоза касб мекунанд.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолон ва сокинон мулоқот намуданд.

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон
3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони