МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ба истифода додани фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт

Ба истифода додани фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт

8-09-2024, 12:19
65
0
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-ро дар деҳоти Ошоба баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манзуралӣ Маҳмадҷонов сохта шудааст.
Корҳои таҷдиду барқарорсозии ин ду иншоот моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, аз ҷониби Ширкати сохтмонии “Рахшона” бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шуд.
Масоҳати умумии корхона 86 ҳазору 808 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки дар фабрика парвариши мурғи бройлерӣ барои гӯшт ба роҳ монда шудааст. Шароити нигоҳубини паранда ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ва бехатарии озӯқа ҷавобгӯ мебошад.
Барои навсозӣ ва таҷҳизонидани фабрика бо дастгоҳҳои муосири соҳа 1 миллиону 853 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, дастгоҳҳои зарурии он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ шудааст.
Усули парвариши паранда дар корхонаи мазкур, аз ҷумла таъмин бо обу ғизо дар вақти муайянгардида таҷрибаи замонавӣ мебошад, ки аз чанд лиҳоз манфиатовар аст. Аз ҷумла, дар сарфаи вақт, кам талаф ёфтани ғизои паранда ва бехатарии он таъсири мусбат мерасонад.
Ба роҳ мондани чунин тарзи корбарӣ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир корро осон намуда, ғизонокии маҳсулотро баланд мебардорад.
То имрӯз дар корхона зиёда аз 40 ҳазор паранда нигоҳубин шуда, барои гӯшт марҳила ба марҳила ба ширкати “Далерон” интиқол дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷиҳати истифодаи самараноки шароити корхона ва барои дар оянда идома додани чунин иқдомҳои созанда дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар корхонаи мазкур чорвои калони ширӣ нигоҳубин шуда, ҳамарӯза наздики 200 литр шир аз он ба корхонаҳои коркарди ҷамъият равон карда мешавад.
Чорвое, ки дар ин ферма нигоҳубин карда мешавад, навъи зоти алои тоҷикӣ буда, модагови он то 450 кг вазн дорад.
Дар корхонаи мазкур барои дуруст нигоҳубин намудани чорво шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур зиёда аз 20 нафар сокинону мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ҳамарӯза бо истифода аз маҳсулоти корхонаи мазкур қаймоқ, ҷурғот, равғани зард ва қурут истеҳсол карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ва суҳбат бо масъулин иброз доштанд, ки бо зиёд шудани талаботи сокинон ба маҳсулоти гӯштӣ бунёди чунин фермаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳиму саривақтӣ мебошад ва ин омил дар устувории иқтисодиёти миллӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ ва дастрасӣ ба он таъсири мусбӣ мерасонад.
Ҳамин аст, ки ба хотири рушди соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ дар кишвар тадбирҳои муҳим амалӣ шуда, соҳибкороне, ки ба рушди соҳа таваҷҷуҳ доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Дар оянда ҷамъият нақша дорад, дар ҳудуди корхона боз биноҳои нав барои корхонаи парандапарварӣ бунёд ва истеҳсоли гӯшти парандаро афзун намуда, дар таъмини сокинон бо кори доимӣ саҳмгузор бошад.

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ва шиносоӣ бо ҷараёни парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои суперинтенсивии ҶДММ “Рахшона”
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ва шиносоӣ бо ҷараёни парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои суперинтенсивии ҶДММ “Рахшона”
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ
5 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг) дар шаҳри Гулистон
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг) дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо бардоштани
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии