Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб
17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки ба таври маҷозӣ таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки дар мавзӯи “Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор” доир шуд, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, норасоии ғизо, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ бевосита таъсир мерасонанд, муҳокима гардида, дар бораи мушкилот, афзалиятҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо дар Ҷаҳони Ҷануб, бахусус барои таъмини рушди устувор пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ин ҳамоишро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир дониста, кишварҳои Ҷанубро ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ даъват намуданд.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон
8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми

Иштирок дар Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.06.2024
10 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон