САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ШАҲРИ НОРАК ВА БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳри Норак бунёди 197 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 121 адади он мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот идома доранд.
Раиси вилояти Хатлон зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ аз наздик шинос гардида, бо фаъолон ва сокинон мулоқот анҷом доданд.
Дар доираи сафари корӣ раиси вилоят аз фаъолияти ҶДММ “Боғи анор” дидан намуданд. Ин боғ дар масоҳати 124 гектар доман паҳн намуда, дар он беш аз 10 навъи анор парвариш меёбад. Айни ҳол дар масоҳати 11 гектар бо сабаби хушкшавии ниҳолҳо корҳои азнавбарқароркунӣ ҷараён доранд. Мутасаддиён барои ба даст овардани ҳосили фаровон тадбирҳои агротехникӣ, аз ҷумла тоза кардани қаторҳоро амалӣ намуда истодаанд.
Шаҳри Норак яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, дар он даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла гармхонаҳои замонавӣ амал мекунанд.
Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «ШАҲРИ ЗЕБОИ МО» дар масоҳати умумии 12,23 гектар бунёд ёфта, дар он парвариши гулҳои мавсимӣ ва сабзавот роҳандозӣ шудааст.
Дар марҳилаи аввал корҳои таҷдид дар масоҳати 1 гектар пурра анҷом ёфта, дар 2 гектари дигар корҳои азнавсозӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то моҳи сентябри соли равон ба истифода дода мешаванд.
Ҳамзамон, барои истифодаи самараноки замин дар шаҳри Норак хоҷагиҳои ёрирасон низ фаъоланд. Хоҷагии ёрирасони собиқадори соҳаи энергетика Ёров Абдулло дар масоҳати 0,3 гектар аз соли 2018 фаъолият дошта, дорои 4 лимухона бо 120 бех ниҳоли лиму мебошад. Аз ҳисоби ҳосили он дар солҳои 2023–2024 ҷамъ 6 тонна лимӯ истеҳсол шудааст. Инчунин, дар хоҷагӣ 120 бех ниҳоли хурмо парвариш ёфта, 8 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст.
Дар самти инноватсионӣ, хоҷагии гулмоҳипарварии шаҳрванд Ҳакимов Абдурозиқ бо истифодаи қафасҳои сунъӣ дар масоҳати 2,5 сотих соли 2021 таъсис ёфта, имрӯз дар ҷумҳурӣ ягона намунаи чунин хоҷагии моҳипарварист. Дар солҳои 2023–2024 41 тонна ва дар 5 моҳи соли 2025 беш аз 10 тонна гулмоҳӣ истеҳсол гардида, айни ҳол дар он 65 ҳазор дона моҳича парвариш ёфта истодааст. Нишондиҳандаи истеҳсоли моҳӣ то охири сол ба 35 тонна хоҳад расид.
Дар ҷараёни сафар раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии шуъбаи бемориҳои рӯҳию равонии Беморхонаи марказии шаҳри Норак дидан карданд. Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Сомон Давлат Сохтмон” сохта шуда, ба истифода супоридани он барои соли 2026 дар назар аст.
Зикр гардид, ки шаҳри Норак бо табиати зебо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои васеи рушди кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва саноат метавонад ба маркази ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон табдил ёбад. Дар ин самт масъулон муваззаф шудаанд, ки барои зебоии шаҳр ва фароҳам овардани шароити арзанда чораҳои зарурӣ андешанд.
Хабарҳои дигар
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
23 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ
Ифтитоҳи бинои Беморхонаи марказии шаҳри Норак пас аз таъмиру навсозӣ
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди
ДАНҒАРА: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 10 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонию бунёдкорӣ дар
Оғози сафари корӣ ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии “Норак”
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварданд.




































