МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

13-06-2025, 13:02
79
0
13-уми июн дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни сохтмон ва ободонии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Дар ҷараёни боздид роҳбари вилоят масъулинро муваззаф намуд, ки дар баробари анҷоми корҳои сохтмонӣ ба зебогардонии муҳити атроф, чароғонкунӣ, гулкорӣ ва дарахтшинонӣ аҳаммияти махсус диҳанд.
Яке аз чунин иншооти муҳим бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Чорсӯ мебошад, ки барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино аз як ошёна иборат буда, айни ҳол корҳои ороишиву рангубори он идома доранд. Ин таълимгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми аҳолӣ бо маблағи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст.
Раиси вилоят зимни боздид аз мактаб ба масъулин дастур дод, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, таъмини китобхонаҳои электронӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҷалби мактаббачагон ба китобхонӣ ҷоннок намоянд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои нави мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, воқеъ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ, дидан намуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 5,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бунёд мегардад. Тибқи нақша, сохтмони иншоот дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлол ба анҷом расонида мешавад. Айни ҳол таҳкурсии бино пурра рехта шуда, 20 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.
Ҳамзамон, раиси вилоят аз фаъолияти Қисми мустақили 28-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид намуда, бо имкониятҳо ва таҷҳизоти мавҷудаи ин ниҳод шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки қисми мазкур бо 5 адад техникаи сӯхторхомӯшкунӣ таъмин мебошад. Дар доираи сафари корӣ ба кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ як адад техникаи нави оташнишонӣ тақдим карда шуд.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки таъмин ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар тамоми иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолинишин бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии масъулин қарор дошта бошад.
Сафари кории раиси вилоят бозгӯи таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти вилоят ба рушди соҳаҳои маориф, варзиш, кишоварзӣ ва ободонии муҳити зист мебошад. Таъмини шароити беҳтари таҳсил, дастрасии варзиш барои кӯдакон ва наврасон ва ҳамзамон бехатарии зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии ин ташаббусҳо маҳсуб меёбанд.
  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  

 

 

 

 

 


 
Хабарҳои дигар
Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва ифтитоҳи маҷозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Птупи ноҳияи
Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва ифтитоҳи маҷозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Птупи ноҳияи
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим инчунин ба фаъолияти бинои наву замонавии
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ФАРХОР
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ФАРХОР
Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шунидани арзу ниёзи мардуми ва бартараф намудани
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Чапарии ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо ҷараёни корҳои
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
23 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ