МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРҲОИ СЕЙСМОИКТИШОФӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БОХТАР» БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ

ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРҲОИ СЕЙСМОИКТИШОФӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БОХТАР» БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ

13-06-2025, 09:19
77
0
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин «СИ-ЭН ПИСИ Интернешнл» ва «БИҶИПИ-ИНК» маросими кушодашавии марҳилаи дуюми корҳои сейсмоиктишофӣ дар доираи лоиҳаи “Бохтар” дар шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ техника ва имкониятҳои технологие, ки аз ҷониби ширкати чинии мазкур ҷалб шудаанд, ба намоиш гузошта шуда, масъулин оид ба ҷараёни корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои оянда маълумоти муфассал доданд. Зикр гардид, ки марҳилаи аввали лоиҳаи “Бохтар” ҳанӯз соли 2008 оғоз гардида, дар доираи он корҳои ҷустуҷӯии минтақавӣ, магнитоиктишофӣ ва сейсмоиктишофӣ ба анҷом расонида шудаанд. То ба имрӯз дар ин самт беш аз 110 миллион доллари ИМА сарф гардидааст.
Ширкати «СИ-ЭН ПИСИ Интернешнл» аз соли 2024 ба иҷрои корҳои иктишофӣ-геофизикӣ оғоз намуда, дар ҳамин сол дар масоҳати 15 400 км корҳои магнитоиктишофӣ ва гравииктишофиро ба маблағи 7,4 миллион доллар анҷом додааст.
Бино ба иттилои пешниҳодгардида, татбиқи лоиҳаи мазкур барои муайянсозии минтақаҳои дорои захираҳои саноатии нафту газ ва интихоби нуқтаҳои пармакунии чоҳҳои ҷустуҷӯӣ замина фароҳам меорад.
Дар доираи оғози марҳилаи дуюми корҳои сейсмоиктишофӣ, ҳамчунин машварати корӣ бо иштироки раиси вилоят ва роҳбарияти ширкатҳои чинии шарик баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръат, аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода намуда, барои рушди соҳаи нафту газ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозанд.
- Вилояти Хатлон дорои захираҳои бузурги нафту газ мебошад, ки истифодаи мақсадноки онҳо метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таъмини эҳтиёҷоти энергетикии кишвар мусоидат намояд, - иброз дошт раиси вилоят ва ба роҳбарияти ширкатҳои чинии ҳамкор барои дастгирӣ ва иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи «Бохтар» изҳори сипос намуд.
Дар утоқи назоратии лоиҳа мутахассисони чинӣ натиҷаҳои марҳилаи аввали фаъолиятро муаррифӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи лоиҳаро шарҳ доданд. Қайд гардид, ки корҳои сейсмоиктишофӣ дар доираи лоиҳа дар ҳудуди 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша, шумораи кормандон то 900 нафар хоҳад расид.
Дар анҷоми чорабинӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки татбиқи ин лоиҳаи муҳими геологӣ ба натиҷаҳои мусбат оварда, заминаи устувор барои оғози пармакунии чоҳҳои ҷустуҷӯии нафту газ гузошта мешавад. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара
19 сентябр дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛУ БИНГ
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛУ БИНГ
Имрӯз, 9 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Лу Бинг, директори шикати СиЭнПиСи
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ ЧИНИИ «XINJIANG SHIHEZI DEVELOPMENT»
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ ЧИНИИ «XINJIANG SHIHEZI DEVELOPMENT»
29 октябр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати «Хinjiang Shihezi Development»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван
Боздид аз корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея  ҶДММ “Ориён Ҷей Текстайл” ва гузоштани санги асоси марҳилаи дуюм
Боздид аз корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея ҶДММ “Ориён Ҷей Текстайл” ва гузоштани санги асоси марҳилаи дуюм
9 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики