МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

13-06-2025, 07:30
93
0
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия боздид ба амал овард.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории шахсони саховатманд санаи 25 майи соли 2025 дар масоҳати 360 метри мураббаъ сохтмони шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва қабули беморон оғоз гардида, тибқи лоиҳа бинои якошёна бо 9 ҳуҷраи корӣ дар он пешбинӣ шудааст. Иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди атрофи беморхона ба масофаи 200 метр дар назар дошта шудааст, ки ба таъмини ҳаракати бемаҳдуд ва саривақтии мошинҳои ёрии таъҷилӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари ин, дар доираи лоиҳаи махсус, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ амалӣ мешавад, аз моҳи декабри соли 2024 корҳои таъмиру азнавсозӣ дар шуъбаҳои таваллуд, кӯдакона, ҷарроҳӣ, қисмати ҷароҳатхона ва ошхона шуруъ гардидаанд. Ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ бо роҳбарии Рауфӣ А. амалӣ гардида, иҷрои он ба ҶДММ «Бунёди аср» зери роҳбарии Ҷамшед Табаров вогузор шудааст. Қарор аст, ки ин корҳо то моҳи сентябри соли 2025 пурра анҷом ёбанд.
Раиси вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки бо анҷоми пурраи иншооти мазкур сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба маротиб беҳтар хоҳад шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ АЗНАВСОЗӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ АЗНАВСОЗӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар варзишгоҳи марказии
Ба истифода додани бинои беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг
Ба истифода додани бинои беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ РОҲ ДАР ШАҲРАКИ «ХОҶАМАСТОН» БОЗДИД НАМУД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ РОҲ ДАР ШАҲРАКИ «ХОҶАМАСТОН» БОЗДИД НАМУД
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии роҳи кӯчаи ба номи
Ифтитоҳи бинои Беморхонаи марказии шаҳри Норак пас аз таъмиру навсозӣ
Ифтитоҳи бинои Беморхонаи марказии шаҳри Норак пас аз таъмиру навсозӣ
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ
Муаррифии лоиҳаҳои бунёди варзишгоҳ барои 10 ҳазор ҷойи нишаст ва такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Муаррифии лоиҳаҳои бунёди варзишгоҳ барои 10 ҳазор ҷойи нишаст ва такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи ангоравии иншооти варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони