МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » МАРКАЗИ САВДОИ СЕОШЁНАИ «АСР» ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ИФТИХОР»-И НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ИФТИТОҲ ЁФТ

МАРКАЗИ САВДОИ СЕОШЁНАИ «АСР» ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ИФТИХОР»-И НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ИФТИТОҲ ЁФТ

13-06-2025, 07:22
87
0
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маркази нави савдои «Аср» бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аброр Воҳидов сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар маркази савдо 13 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ошёнаи якум маҳсулоти ниёзи аввалия ва ҷиҳози рӯзгор, дар ошёнаи дуюм сару либос ва дар ошёнаи сеюм дигар хизматрасониҳои савдо ба муштариён пешниҳод мешаванд.
Ифтитоҳи маркази савдо яке аз чандин иқдомоти созанда дар ҷамоат ба шумор меравад. Тавре зикр шуд, дар Ҷамоати деҳоти «Ифтихор» ба ифтихори ҷашни миллӣ сохтмони 8 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 4 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар ҷараёни маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 211 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз 70 дарсади онҳо ба истифода дода шудаанд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ дар маросим саҳми соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии маҳаллиро дар татбиқи амалии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат арзишманд арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки чунин иқдомҳо дар ободонии деҳот ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши муассир доранд.
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ҷамоати
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ САВДО ВА МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ТАХТИ СУЛАЙМОН”
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ САВДО ВА МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ТАХТИ СУЛАЙМОН”
8 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи
Ифтитоҳи Меҳмонхона ва Маркази савдои “Сайёҳ” дар ноҳияи Сангвор
Ифтитоҳи Меҳмонхона ва Маркази савдои “Сайёҳ” дар ноҳияи Сангвор
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи “Сайёҳ”-ро, ки дар
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи
МУЪМИНОБОД. БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТУТИЁН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ
МУЪМИНОБОД. БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТУТИЁН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ
Имрӯз, 8 апрел, бинои нави маъмурии ҷамоати деҳоти Тутиён, воқеъ дар деҳаи Ободони ноҳияи Муъминобод бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода,