ДӮСТӢ: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Имрӯз, 10 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ омада, аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимӣ шинос шуд.
Нахуст, раиси вилоят аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Анорбоғи Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл” боздид намуд. Дар ин муассиса сохтмони бинои нави иловагӣ бо маблағи 4820,28 сомонӣ, бо дастгирии Бонки Исломии Рушд оғоз гардидааст.
Тибқи лоиҳа, бинои мазкур дорои 10 синфхона, утоқҳои фаннӣ барои дарсҳои физика, химия ва биология, утоқи омӯзгорон, ҳуҷраи директори муассиса, анборхона, утоқи кормандони техникӣ, ҳавзи обгирӣ бо ҳаҷми 96 метри мукааб, трансформатори 160 кВт, майдончаи варзишӣ ва 331 метри панҷараи муҳофизатӣ мебошад. Айни ҳол корҳои берунӣ ва насби тахтасангҳои ороишӣ дар ҳоли анҷомёбӣ мебошанд.
Сипас, раиси вилоят ба деҳаи Тоҷварони Ҷамоати деҳоти “Навзамин” ташриф оварда, аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дидан кард.
Сохтмони бинои иловагӣ бо маблағи 5035,97 ҳазор сомонӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд бунёд шудааст.
Иншооти нав низ дорои 10 синфхона, утоқҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои маъмуриятӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад ва барои фароҳам овардани муҳити омӯзишии мутобиқ ба талаботи муосир пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят зимни боздид таъкид дошт, ки рушди соҳаи маориф яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мо вазифадорем, ки барои насли нав шароити муосир ва муҳити омӯзишии босифат фароҳам созем.
Хабарҳои дигар
РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ ШИНОС ШУДАНД
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ, ҳамзамон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия низ дидан намуданд.
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 17 БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 декабр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Шоғарави ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бо рафти корҳои сохтмонӣ дар
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Дарқади
МУЪМИНОБОД: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №7 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Имрӯз, 8 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, бо ҳамроҳии













